ҶАМОЛИДДИНИ Саидзод, таваллудаш соли 1952, зодгоҳаш деҳаи Кабкрези ноҳияи
Файзобод, омӯзгор, мунаққид ва адабиётшинос, номзади илмҳои педагогӣ. Аз соли 1977 дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 63-и ш. Душанбе ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд. Ҳоло ходими калони илмии Институти забон , адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Доир ба омӯзишу парвариш ва адабиётшиносӣ зиёда аз 300 мақолаву тақриз навишта ба табъ расондааст. Муаллифи рисолаҳои «Ахлоқ ва муошират аз назари Соиб», «Мо ва Носири Хусрав». Мақолаҳои «Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод», «Бозор Собир тасвиргари моҳир», «Сабки сухани Мавлоно» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.