Амирбекзода Ҳабибулло,

Амирбекзода Ҳабибулло, 7-уми октябри соли 1979 дар ҷамоати деҳоти Дарагиёни
%d1%85%d0%b0%d0%b1%d0%b8%d0%b1%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be-%d0%b0%d0%bc%d0%b8%d1%80%d0%b1%d0%b5%d0%ba%d0%b7%d0%be%d0%b4%d0%b0
ноҳияи Файзобод дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.Соли 1996 мактаби миёнаи №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо баҳои хубу аъло хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултаи ҳуқуқшиносии ДДМТ дохил шуда, соли 2001 онро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ хатм намудааст. Сипас, соли 2001 бо роҳхати ДДМТ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор рафта, то соли 2008 дар вазифаҳои котиби маҷлиси судӣ, мутахассиси дараҷаи аввал оид ба парвандаҳои гражданӣ, ёрдамчии Раис, мушовир, сардори шӯъбаи арзу шикоятҳо, Сардори шўъбаи ҷамъбасткунӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба судҳои поёнӣ фаъолият намуда, аз соли 2008 то соли 2010 дар вазифаҳои мутахассис, сармутахассиси шўъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон ва сармутахассиси шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда, аз соли 2010 то соли 2015 дар вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Ҳамзамон, соли 2010 ба факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (маълумоти дуюм) дохил шуда, соли 2013 онро хатм намудааст.

Инчунин, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ: ҷанбаҳои умумии назариявӣ» кори илмӣ намуда истодааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2015 ба ҳайси муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Аз соли 2020 Муовини аввали Раиси Кумитаи Сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
 
Верх Низ