ҶАЛОЛИДДИНОВ Асомиддин Саидович

ҶАЛОЛИДДИНОВ Асомиддин Саидович, таваллудаш 20. 01. 1952, зодгоҳаш деҳаи
Чалолиддинов

Қошқарии ноҳияи Файзобод, омӯзгор. Соли 1973 Институти давлатии педагогии Душанбе ва соли 1982 Университети марксизм-ленинизми назди Комитети Ҳизби коммунистии ш/ Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973 – 76 муаллим, ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбиявии мактаби миёнаи № 22-и ноҳияи Файзобод, 1976 – 80 ассистенти кафедраи назария ва методикаи корҳои пионерию комсомолӣ, ҷонишини котиб, котиби комитети комсомолии Институти давлатии педагогии Душанбе, 1980 – 82 нозир, мудири шӯъбаи донишҷӯёни комитети маркази комсомоли РСС Тоҷикистон, 1982 – 85 нозири шӯъбаи пронаганда ва агитатсияи комитети ҳизбии ш. Душанбе, 1985 – 87 мудири шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи комитети ҳизбии ноҳияи Фрунзеи ш. Душанбе, 1987 – 97 сардори шӯъбаи тайёркунии кадрҳои коргарӣ, мудири шӯъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанги комитети иҷроияи ш. Душанбе, 1998 – 2004 сардори Департаменти сӯзишвории қисми манзилию истифодабарии двизияи 201-уми армияи Федератсияи Россия дар ш. Душанбе, 2004 – 07 ёвари сардори кулли ҶСП «ТТ мобайл», 2007 – 009 сардори шӯъбаи тиҷоратии филиали Шабакаи алоқаи мобилии ҶСК «Тоҷиктелеком» буд. Аз соли 2009 иқтисодчии қисми манзилию истифодабарии двизияи 201-уми армияи Федератсияи Россия дар ш. Душанбе. Бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст (1994).
 
Верх Низ