АЛИЕВ Дӯстмурод (19. 4. 195, деҳаи Муллобароти ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи
Файзобод – 18. 5. 1985, ҳамон ҷо), сароядаи тоҷик (тенори лирикӣ), Ҳофизи халқии РСС Тоҷ. (1979). Хатмкардаи факултети маданию маърифатии Институти давлатии санъати Тоҷикистон (1974). Солҳои 1974 – 75 дар сафи Армияи Советӣ хизмат кардааст. Аз соли 1975 то охири умр роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод буд. А. мусаннифи зиёда аз 60 суруду таронаҳост. Асоси репертуари ӯро мавзӯъҳои мухталифи замони мо доир ба васфи Ватану меҳнат, диёри хушманзар, фидокориҳои мардуми шуҷоатманди мо, тараннуми муҳаббати поки инсонӣ ва ғ. ташкил медиҳанд. Сурудҳои «Туро ман дӯст медорам» (шеъри Лоиқ), «Баҳор омад» (шеъри халқӣ), «Махзани дурдона» (шеъри А. Баҳорӣ), «Моҳи рухсорат» (шеъри Сайидо), «Ноз», «Мастона ба ноз омадаӣ» (шеъри Кошиф), «Садқаи чашмони ту» (шеъри Ш. Ҳайрат), «Савсани Ҳусн» (шеъри А. Воситзода) аз оҳангҳои ӯ буда, басо дилнишинанд. А. чун актёр низ дар чандин пйесаҳои якпардагӣ як қатор нақшҳо офаридааст, ки беҳтаринашон Зиёпонсад («Оилаи аксар»-и Т. Аҳмадхонов), Ориф («Бародарон»-и С. Саидмуродов), Эшони Иллоанта («Иллоанта»-и А. Атобоев) мебошанд. Ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (1984) сафари ҳунарӣ кардааст.