ҚАЛАНДАРОВ Кароматулло (Кароматуллои Қаландар)

ҚАЛАНДАРОВ Кароматулло (Кароматуллои Қаландар), таваллудаш соли 1938, зодгоҳаш
%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
деҳаи Ғашиёни нҳияи Файзобод, номзади илмҳои филологӣ. Соли 1962 факултети фыилологияи тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) ва соли 1966 аспирантураи назди ҳамин донишгоҳро хатм кардааст. Солҳои 1967 – 78 омӯзгори Институти педагогии ш.. Кӯлоб, 1978 – 2000 мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буд. Дар мавзӯи «Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмию методӣ мебошад. Ба қалами ӯ инчунин асари «Ашкҳои Ғашиён» тааллуқ дорад, ки дар бораи таърихи пурфоҷиаву ибратомӯзи зодгоҳи муаллиф ҳикоят мекунад.

Қаландаров К. дар тарбияи шогирдон ва ба роҳи илм раҳсипор намудани онҳо саҳми калон дорад. Беш аз 100 нафар шогирдони ӯ роҳи илмро интихоб намуда, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар содиқона фаъолият доранд. 8-уми июли соли 2007 вафот кардааст.
 
Верх Низ