ҲАИТОВ Ризо Бозорович, таваллудаш 29. 09. 1965, зодгоҳаш деҳаи Чашмасори ноҳияи Файзобод, полковники адлия. Хатмкардаи мактаби милитсияи ш. Душанбе (1988), шӯъбаи ғоибонаи Мактаби олии милитсияи ш. Тошканд (1990) ва факултети роҳбарикунандаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Солҳои 1988 – 90 ваколатдори калони фаврии ШКД-и ноҳияи Марказии ш. Душанбе, 1990 – 93 ваколатдори калони фаврии ШКД-и ноҳияи Файзобод, 1993 – 94 ваколатдори калони фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Сарраёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона ва ҷиноятҳои иқтисодии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 1995 – 2007 дар Сарраёсати полиси андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 2007 – 09 ваколатдори калони фаврӣ оид ба ҷиноятҳои махсусан муҳими Сарраёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009 – 10 сардори бахши Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо куррупсияи ҶТ дар вилояти Сугд буд. Аз соли 2010 ба ҳайси муовини сардори шӯъбаи мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд фаъолият дорад. Бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.