Ғафуров Ҷамшед Сатторович

Ғафуров Ҷамшед Сатторович

Соли 1971 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 1-и ноҳия гирифтааст.

Донишогоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимиро бо ихтисоси мӯҳандиси сохтмон хатм кардааст.

Аз соли 1993 фаъолияти худро дар ширкатҳои ба бунёди газопровод ва нефтепровод машғул оғоз намуда, аз мутахассиси оддӣ то ба вазифаи директори генералӣ расидааст. Дар кишварҳои Россия, Белорус, Украина, Туркия, Алҷазоир, Испания ва Қазоқистон фаъолият намудааст. Дар гузоштани се рекорди ҷаҳонӣ оид ба васли қубурҳои газгузар дар як басти корӣ шахсан иштирок намудааст. Охирин рекорди мутлақи ҷаҳонӣ, ки дар давоми як басти корӣ 262 пайванди қубур анҷом дода шуд, дар Қазоқистон сурат гирифт ва онро мутахассисони марҳилаи 3-юми бунёди газопроводи «Қазоқистон-Хитой» дар ҳайати ширкати «КазСтройСервис» зери роҳбарии Ҷамшед Ғафуров моҳи августи соли 2009 гузоштанд. Бояд зикр кард, ки дар ҳайати ин гурӯҳ 22 нафар мутахассисони дараҷаи олии байналмиллалӣ аз Тоҷикистон низ ҳастанд, ки аксарияти онҳо фарзандони Файзобод мебошанд ва маҳз бо дастгирии Ҷамшед Ғафуров ба ин зина расидаанд.

Ҷамшед Ғафуров аз моҳи августи соли 2011 директори генералии СГК-ТПС-7 «Стройгазконсалтинг» таъин гардидааст.
 
Верх Низ