🖊 Abrori Ahroriyon

R

Rahmatullo Muhammad

Меҳмон
Агар дидӣ, ки инсоне миёни доми ҳиҷрон аст,
Агар дидӣ, ки сарсон аз пайи як бурдаи нон аст.
Агар дидӣ, ки чун пажмурдабарге дар биёбон аст.
Агар дидӣ, ки виҷдони ту ҳаргиз ҳам намесӯзад
Ба инсон буданат шак кун¹
Агар дидӣ, ки як модар ба қалби хаставу зор аст,
Агар дидӣ, ки чашми ӯ ба роҳи бачааш чор аст.
Агар дидӣ, ки фарзандаш ба мулки дигарон хор аст.
Агар дидӣ, ки виҷдони ту ҳаргиз ҳам намесӯзад
Ба инсон буданат шак кун
Агар дидӣ,ки фарзанде ба ҳасратҳо падар гӯяд,
Агар дидӣ, ки он фарзанд оғӯши падар ҷӯяд.
Агар дидӣ, ки роҳи омаданҳои падар пӯяд.
Агар дидӣ, ки виҷдони ту ҳаргиз ҳам намесӯзад
Ба инсон буданат шак кун
Ба инсон буданат шак кун
 
Верх Низ