«Қаҳрамон»-и Гурез Сафар кист?

  • Автор темы Зубайдуллр Хайитов
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
З

Зубайдуллр Хайитов

Меҳмон
Тахаллус

Ҳафтае як бор бинмояд иваз,
У тахаллусҳои худ дар матбуот.
Гарчи умре мекунад эҷолҳо,
Обру аммо наёбад дар ҷаҳон.

Гоҳ зокиву замини бошад ӯ,
Гоҳ Гардуниву гоҳе Хиргаҳи.
Гаҳ самоиву гаҳе Афлокӣ ӯ,
Гӯиё дорад зи боло огаҳӣ.

Ном гириад гумраҳиро гаҳ ба худ,
Хешро гоҳе бигӯяд Воқифӣ.
Бо умеде баъди маргаш монад ӯ,
Зиндаву ҷовид ҳамчцун Восифӣ.

Дар миёни номҳои бешумор,
Номи аслиаш намедонад касе.
Балки ҷуз ин номҳои бешумор,
Ҳеҷ эҷодаш намехлонад касе.

Бо чунини пурномиаш, бенормиаш,
Хастае ӯрову дарди сар кунад.
Пай набурда то кунун, ки боядаш,
Ҷои ном эҷодро дигар кунад.

Сардор

Гушнае сардор гашту кор мурд,
Нахли дилро шоху барги бор мурд.

Зинда кард андешаи хоби худаш,
Ҷумлаи андешаи бедор мурд.

Гашта холӣ сар ба сар анборҳо,
Дар даме гӯё, ки сад анбор мурд.

Дар хазина бас, ки як сосон намонд,
Равнақи савдо сари бозор мурд.

Хуб донад, ҳар муфаттиш ғораташ,
Лек аз ғорат лаби гуфтор мурд.

Ҷои оне, ки сазояшро диҳанд,
Тор рафту боварам бар тор мурд.

Шоир, аз ашъори ҳаҷвиат чӣ суд,
Қимату суди чунин ашъор мурд.

Ҳасуд

Бинад гӯре, кушоду зебост,
З-он, ки на аз ӯст, мехӯрад ғам.
Гӯяд ба маит аз ҳасад ӯ:
Аз гӯр баро, ки ман дароям.

Рубоиҳо

Э шоири ба қавли худат якдона,
Бо қоидаи шери Аҷам бегона.
Бо ин ҳама даъвии мукофот кунӣ,
Бар дидаи ҳушёр туӣ девона.

Э рубаҳи пурҳиял, ҳиял камтар кун,
Хулқи бадат ислоҳу каме дигар кун.
Ботин сияҳу нависӣ ашъори сафед,
Кам зулм ба ҷони қаламу дафтар кун.

Беқадрии ту тамом аз бадсуханист,
Чун тортанак мудом аз тортанист.
Беист сиёҳ мекунӣ номи Ватан,
Ботинсияҳиҳои ту аз беватанист.
 
Верх Низ