ДАР ТАЗМИНИ САЪДӢ
Аз ман ту чӣ мепурсӣ имрӯз саранҷоме?
Дар ишқи ту кай дорам дар синаам ороме?
Эй ёри шакаргуфтор, аз ман ту чӣ мехоҳӣ,
Дар олами тарбият кай пухта шавад хоме?
Ту оқилу ман нодон, ту хушдилу ман гирён,
Моро бикашад гардун бар сӯйи саранҷоме.
Дасти талаби худро ҳаргиз набарам...