Сари овози туро мегирам,
Ба розҳои дилат мемирам!
Гурги нафс лаха-лаха пустам канд,
Ман аз ҷафову азоб дилгирам!
Падарам, он ки қиблагоҳам буд,
Бо ҷаҳолат маро шаҳид намуд.
Ҳама аҳли ҷаҳон ба тавбаву сур,
Шудам афсонае зи буду набуд.
Эй падарҳои дигар, ин сабақ аст,
Дасти дунë ҳамеша дар табақ...