1. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Бехонумон, ки ҳеҷ надорад ба ҷуз Худой, Ӯро гадо магӯй, ки Султон гадои ӯст.
  2. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Гар касе бошӣ, барои худ басӣ, Бекасӣ беҳтар бувад аз нокасӣ. Рустам Ваҳҳоб
  3. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Афтод дарахте, ки ба худ меболид, Аз доғи табар ба хоки ғам менолид. Гуфтам, чи касе ба решаат зад табар? Гуфт, он кас, ки ба зери сояам мехобид.
  4. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Хуфтагони хокро ёди рафиқон доғ кард, Дӯстон аз ҳамдигар беҳуда ранҷидан чаро. Соиби Табрезӣ › #соиб
  5. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе марҳами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест. Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест, Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ нест. Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад, Ҳар Аҳмаду Маҳдуд...
  6. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Ба рӯи раҳ гули пажмурда дидам, Лагадмол асту менолад ниҳонӣ: Замоне зеби кокул будам, акнун… Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ. Бидидам нонпар аз боли кабӯтар Ба дасти модарам, бо безабонӣ Ба рӯи нон зада ҳар гоҳ мегуфт: Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ. Дарахти пири бешохи қади раҳ, Шунидам бо забони...
  7. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Хоҳам, ки шавам кӯдак модар ба барам бошад, Дастони пур аз меҳраш болои сарам бошад. Дар кӯчаю паскӯча бо кӯдаки ҳамсоя, Бози кунаму гардам, фатҳу зафарам бошад. Фарёд занад модар аз хона марав дуртар, Гӯям наравам хона, чашмони тарам бошад. Аз лойи лаби ҷӯе созам ба худам хона, Дар хонаи...
  8. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Чаро рафтӣ? чаро ман беқарорам? Ба сар савдои оғӯши ту дорам? Нагуфти моҳтоб имшаб чи зебост, Надиди ҷонам аз ғам ношикебост. Агар ҷонат зи ҷонам огоҳӣ дошт, Чаро бетобиамро сар ингошт. Канори хонаи мо куҳсор аст, Зи дидори рақибон дар канор аст. Чу шамъи меҳр хомӯшӣ гузинад, Шаб андар...
  9. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Лаҳзаи васл ба як чашм задан мегузарад, Ин фироқ аст, ки ҳар сонияаш як сол аст. [Ҳофиз]
  10. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Мардум гумон баранд, ки мо шоди ғурбатем, Дар зери ҳар табассуми мо сад мусибат аст. [Ғании Кашмирӣ]
  11. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Ғами олам махур эй дил, ки олам ғам намеарзад, Ба ғамгин гаштани як дил ҳама олам намеарзад. [Носири Бухороӣ]
  12. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Мекунам гиря зи олудагии домани хеш, Ашк то домани олудаи ман пок кунад. [Ғании Кашмирӣ]
  13. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    То ба кай мағрури худ боши, ту ай дунёпараст, Ибрат аз Фиръавну аз Шаддод мебояд гирифт. [Саййидо]
  14. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Кӯҳро мардон ба зӯри ишқ саҳро кардаанд, Уммати ҳасрат машав, Фарҳод пайғамбар набуд. [Нозими Ҳиравӣ]
  15. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Шамъро дар рӯзи равшан нест қадру қиммате, Эътибораш дар намози шом афзун мешавад. [Басир Расо]
  16. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Ман ба мурдан розиву пешам намеояд аҷал, Бахти бад бин к-аз аҷал низ ноз мебояд кашид. [Бедил]
  17. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Хоксорон то куҷо доранд поси обрӯ, Сояро аз оҷизӣ ҳар кас таҳи по мекунад. [Бедил] › #бедил
  18. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Дило ин олами фонӣ ба як арзан намеарзад, Ба дунё омадан бар заҳмати рафтан намеарзад. Агар сад сол дар ин дунё ҳама шаҳду шакар нӯшӣ, Ба он як соати талхии ҷонкандан намеарзад.
  19. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Тоъат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ, Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест. Шайх Саъдӣ
  20. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Сад доғи ниҳон дорад, ин сина, ки механдад, Сад гуна бало дидаст, ин дида, ки мегиряд. Алии Аштарӣ
Назад
Верх Низ