1. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Ҷавон Ҷавон токай чунин мадҳушу мастӣ, Ҳазорон тавба кардиву шикастӣ. Намеояд чаро як лаҳза шармат, Зи Холиқу Малики кулли ҳастӣ. Ҷавон то кай фасоду бенамозӣ, Ҷавон то кай шаробу лаҳну бозӣ. Гумон кардӣ, ки бо пулу зару сим, Ту аз парвардигорат бениёзӣ? Ҷавон то кай нафас бар оташу дуд, Ба...
  2. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Дӯст дорад ёр ин ошуфтагӣ, Кӯшиши беҳуда беҳ аз хуфтагӣ. [Мавлоно]
  3. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    То кай, ай сар дар ҳаво дар осмон ҷӯйи Худо? Завқи аз боло нишастан нест соҳибхонаро. [Калими Кошони]
  4. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад, Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад. [Ғанимати Панҷоби]
  5. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Файзи ҳаловат аз дили бе кибру кин талаб, Занбӯрро зи хона барор, ангубин талаб. [Бедил] › #бедил
  6. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Олам ҳама вайронаву ганҷина дили мо, Рахшанда гуҳар дар садафи сина дили мо. Бе нури Худо хоки сияҳро чи баҳоест, Анвори Худоро бувад оина дили мо. Ёбем таҷаллӣ зи Худо чун бишавад пок, Аз кибру риёву ғазабу кина дили мо. Гар меҳри Худо бар дили мо шӯъла нарезад, Равшан накунад пӯшиши...
  7. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Зи ёрон кина ҳаргиз дар дили ёрон намемонад, Ба рӯи об ҷойи қатраи борон намемонад. [Ваҳиди Қазвинӣ]
  8. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам, Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам. [Мавлоно]
  9. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Гар ба сурат одамӣ инсон будӣ, Аҳмаду Бӯҷаҳл худ яксон будӣ. [Мавлоно]
  10. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Ҳар шабе гӯям, ки фардо тарки ин савдо кунам, Боз фардо чун шавад, имрӯзро фардо кунам. [Ҳилолӣ]
  11. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Хуфтагонро хабар аз меҳнати бедорон нест, То ғамат пеш наояд, ғами мардум нахурӣ. [Саъдӣ]
  12. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Хоҷа бемор шавад бин чӣ касон меоянд, Бар сари болини мискин магасон меоянд. [Мавлоно]
  13. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Даъвии мардони ин аср инфилое беш нест, Шер меғуранду чун вомерасӣ бузғолаанд. [Бедил] › #бедил
  14. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Эй фалак, партави хуршеди ҷаҳонтоб куҷост? К-имшаб аз ғусса бимурдему саҳар дер омад. [Бадриддин Ҳилолӣ]
  15. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Дилогоҳон, дилогоҳон дилам танг аст, медонед?! Ҳадисам аз мақоли шишаву санг аст, медонед?! Нафасгирӣ чӣ душвор аст, ҳангоми нафасгирӣ, Ҳамин ҳангома бо ҷонам ҳамоҳанг аст, медонед?! Гурӯҳе дар найистони замона ранг мерезанд, Най андар ранг чун омехт, найранг аст, медонед?! Бисӯзад решаи он...
  16. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Маро аз фитрати хуршеди тобон ин писанд омад, Ки бо як чашм мебинад бузургу хурди дунёро. [Таъсир]
  17. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Ба Худо, ки ҳеҷ касро самар он қадар набошад, Ки ба рӯи ноумеде дари баста боз кардан
  18. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Ғамхору ғамшарикон аз мӯйи сар зиёданд, Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷойи модар... [Лоиқ Шералӣ]
  19. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    То ҷавон ҳастӣ, ҷавониро намедонӣ, ки чист, Хуш равон ҳастӣ, равониро намедонӣ, ки чист. Шоми ғам ҳаргиз набинад рӯзгори хуррамат, Шод монӣ, шодмониро намедонӣ, ки чист. Хуш замоне, бар замин по монданат безаҳмат аст, Ранҷҳои осмониро намедонӣ, ки чист. Мисли он кӯдак, ки аз дунёи модар ғофил...
  20. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Сурати одам тану маънеш ҷони равшан аст, Маънии одам надорӣ, сурати одам чӣ суд? [Мавлоно Ҷомӣ]
Назад
Верх Низ