1. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Бо шамъ гуфтам аз чӣ сарат медиҳӣ ба бод? Гуфт он саре, ки саҷда надорад чунин хуш аст. [Бедил] › #бедил
  2. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Гуфта будам чу биёӣ ғами дил бо ту бигӯям, Чӣ бигӯям, ки ғам аз дил биравад чун ту биёӣ. [Шайх Саъдӣ]
  3. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад, Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад. [Шайх Саъдӣ]
  4. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Дилрабоӣ ҳама он нест, ки ошиқ бикушанд, Хоҷа он аст, ки бошад ғами хидматгораш. [Хоҷа Ҳофиз]
  5. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Ҳузури дил тамаъ дорӣ, зи таъмири ҷасад бигзар, Ки гавҳар аз садафҳо бе шикастан бар намеояд. [Бедил] › #бедил
  6. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Ҷавон Ҷавон токай чунин мадҳушу мастӣ, Ҳазорон тавба кардиву шикастӣ. Намеояд чаро як лаҳза шармат, Зи Холиқу Малики кулли ҳастӣ. Ҷавон то кай фасоду бенамозӣ, Ҷавон то кай шаробу лаҳну бозӣ. Гумон кардӣ, ки бо пулу зару сим, Ту аз парвардигорат бениёзӣ? Ҷавон то кай нафас бар оташу дуд, Ба...
  7. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Дӯст дорад ёр ин ошуфтагӣ, Кӯшиши беҳуда беҳ аз хуфтагӣ. [Мавлоно]
  8. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    То кай, ай сар дар ҳаво дар осмон ҷӯйи Худо? Завқи аз боло нишастан нест соҳибхонаро. [Калими Кошони]
  9. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад, Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад. [Ғанимати Панҷоби]
  10. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Файзи ҳаловат аз дили бе кибру кин талаб, Занбӯрро зи хона барор, ангубин талаб. [Бедил] › #бедил
  11. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Олам ҳама вайронаву ганҷина дили мо, Рахшанда гуҳар дар садафи сина дили мо. Бе нури Худо хоки сияҳро чи баҳоест, Анвори Худоро бувад оина дили мо. Ёбем таҷаллӣ зи Худо чун бишавад пок, Аз кибру риёву ғазабу кина дили мо. Гар меҳри Худо бар дили мо шӯъла нарезад, Равшан накунад пӯшиши...
  12. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Зи ёрон кина ҳаргиз дар дили ёрон намемонад, Ба рӯи об ҷойи қатраи борон намемонад. [Ваҳиди Қазвинӣ]
  13. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам, Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам. [Мавлоно]
  14. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Гар ба сурат одамӣ инсон будӣ, Аҳмаду Бӯҷаҳл худ яксон будӣ. [Мавлоно]
  15. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Ҳар шабе гӯям, ки фардо тарки ин савдо кунам, Боз фардо чун шавад, имрӯзро фардо кунам. [Ҳилолӣ]
  16. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Хуфтагонро хабар аз меҳнати бедорон нест, То ғамат пеш наояд, ғами мардум нахурӣ. [Саъдӣ]
  17. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Хоҷа бемор шавад бин чӣ касон меоянд, Бар сари болини мискин магасон меоянд. [Мавлоно]
  18. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Даъвии мардони ин аср инфилое беш нест, Шер меғуранду чун вомерасӣ бузғолаанд. [Бедил] › #бедил
  19. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Эй фалак, партави хуршеди ҷаҳонтоб куҷост? К-имшаб аз ғусса бимурдему саҳар дер омад. [Бадриддин Ҳилолӣ]
  20. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Дилогоҳон, дилогоҳон дилам танг аст, медонед?! Ҳадисам аз мақоли шишаву санг аст, медонед?! Нафасгирӣ чӣ душвор аст, ҳангоми нафасгирӣ, Ҳамин ҳангома бо ҷонам ҳамоҳанг аст, медонед?! Гурӯҳе дар найистони замона ранг мерезанд, Най андар ранг чун омехт, найранг аст, медонед?! Бисӯзад решаи он...
Назад
Верх Низ