Ишқи ман ин турна не , к-ояд фақат рӯзи баҳор,
Нест ё чун кӯчаи сарбас дар шаҳри қадим.
Вай наметарсад зи фасли гаму сарди рӯзгор,
Вай бувад пуррафтуо, пуркор чун роҳи азим
Дар замине сабз шуд ин ишқ , к-андар рӯи он
Медавидам дар ҷавонӣ сарбараҳна пойлуч.
Рӯзҳоро мефикандам пушти сар осон...