То ҷавон ҳастӣ, ҷавониро намедонӣ, ки чист,
Хуш равон ҳастӣ, равониро намедонӣ, ки чист.
Шоми ғам ҳаргиз набинад рӯзгори хуррамат,
Шод монӣ, шодмониро намедонӣ, ки чист.
Хуш замоне, бар замин по монданат безаҳмат аст,
Ранҷҳои осмониро намедонӣ, ки чист.
Мисли он кӯдак, ки аз дунёи модар ғофил...