Admin
Реакции
20

Сообщения в профиле Недавняя активность Контент Группы Информация

  • Ҳаромам бод шири поки модар,
    Ки мардиро ба номардӣ фурӯшам.
    Лоиқ Шералӣ!
    Ҷав коштаву умеди гандум кардем,
    Худ айб намуда бори мардум кардем.
    Меъмори ҳаёт хишти девори замон,
    Каҷ монд магар, ки ростӣ гум кардем?!
    Дар забон тасбиҳу дар дил симу зар,
    Инчунин тасбиҳ кай дорад асар!
    Умр агар хуш гузарад ,зиндагии Хизр кам аст.
    В-ар на, нохуш гузарад- ними нафас бисер аст .
    Чи гуна метавон чунин нафареро дигар фарзанд номид ва чунин занро хамсафари умри хеш хонд? Магар зиндаги хамин аст,ки фарзандро калон куниву фоидапшро набини ва е мард зан гирифта ба худаш дар дохили хонааш душман харад ба худаш?
    Миёни ду кас ҷанг чу оташ аст,
    Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
    Саъдӣ Шерозӣ
    Эй дил, садои марг туро ҳам расиданист,
    Субҳи аҷал зи матлаъи умрат дамиданист.
    Бар тахту наълу болиши абрешимӣ маноз,
    Танҳо ба ҷои танг туро оромиданист.
    Пайвастагӣ макун ба ҷаҳон, дил дар ӯ мабанд,
    Зеро, ки з-ин ҷаҳонат ба куллӣ буриданист.
    Аз гӯши хеш мешунавӣ к-он фалон намонд,
    Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист.
    Эй дил, макун гунаҳ, ки таҳқиқ мурданист,
    Аъмоли нек кун, ки қиёмат расиданист.
    Ғарра машав бад-ин гулу бӯстони рӯзгор,
    Боди хазон бад-ин гулу бӯстон вазиданист.
    Аз марги худ битарс, ки танҳо равӣ баъ гӯр,
    Бо Мункару Накир¹ ҷавоби ту доданист.
    Чун «куллу нафсин зоиқату-л-мавт»² ҳукм шуд,
    Медон яқин, ки шарбати маргат чашиданист.
    Чизе шикор кун, ки ба майдони рӯзгор,
    Ин маркаби ҳаёт на доим давиданист.
    Чун ҳазрати Расули Худо дар ҷаҳон намонд,
    Касро чӣ эътимод, ба нобуд буданист.
    Саъдӣ, дар ин қафас, ки тавон дошт мурғро,
    Охир қафас шикаставу мурғаш париданист.

    {Шайх Саъдӣ}

    ¹Малоикаҳои саволу ҷавоб дар қабр
    ²Ҳар нафсе чашандаи марг аст (Оли Имрон;185)
    Расми ситам нест ҷаҳон ёфтан,
    Мулк ба инсоф тавон ёфтан….
    Мамлакат аз адл шавад пойдор,
    Кори ту аз адли ту гирад қарор.
    Дар кафи мардонагӣ шамшер мебояд гирифт,
    Ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт.
    Рӯзу шаб хобам намеояд ба чашми ғампараст,
    Баски дар бемории ҳаҷри ту гирёнам чу шамъ.
    Саъдӣ
    Шавқу шӯри навҷавониро пайи ишрат мабар,
    Беадабро ҷунбиши хуни ҷавонӣ мекушад.?
  • Загрузка...
  • Загрузка...
  • Загрузка...
  • Загрузка...
Назад
Верх Низ