Шеър дар васфи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон

  • Автор темы Автор темы Беном
  • Дата начала Дата начала
Б

Беном

Пешвои миллат – Эмомали Рахмон шеърхо. Шеър дар бораи президент, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон >>

Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллатEmomali Rahmon. Picture released on October 11, 1994 showing Tajikistan head of State Emomali Rakhmonov. (Photo by S. ZHUKOV / ITAR-TASS / AFP) (Photo by S. ZHUKOV/ITAR-TASS/AFP via Getty Images)
Паёми ту паёми ошноист,
Садои ту навои кибриёист.
Ба дарди захмҳои пушти Айнӣ,
Паёми ту давои мумиёист.
 

ОРМОН​

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

Чу аз ҳар ҷонибе сӯйи Ватан боди хазон омад,
Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.

Ман аз ин сарзамин тиру камонро дур бинмудам,
Ки доим дар самояш пурҷило тирукамон бошад.

Қасам бо шири модар хӯрдаам дар назди халқи хеш,
Ки бахту роҳи умраш ҳамчу шири модарон бошад.

Дилу рӯйи кушодамро ба дунё пешкаш кардам,
Ки мулки кӯчакам дар чашми дунё бекарон бошад.

Ба минбарҳои болои ҷаҳон бурдам забонамро,
Ки халқи хушзабонам бо ҷаҳоне ҳамзабон бошад.

Басо хорӣ кашида, ғунчаи уммед парвардам,
Ки хориро набинад ин диёру гулфишон бошад.

Маро ҳар боғ пайғомест аз гул кардани дилҳо,
Маро ҳар мазраи сабзе зи сарсабзӣ нишон бошад.

Бувад нонрезаву нони Ватан болои чашмонам,
Дилам ҳамрози пирону аниси тифлакон бошад.

Кунам тоҷи сари дунё дилоро Тоҷикистонро,
Зи тахту тоҷи ин дунё ҳаминам ормон бошад.
 
Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои Миллат,
Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои Миллат.

Дастони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,
Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои Миллат.

Кам сарваре ба олам бо чораи фароҳам
Аз интиҳои Миллат ҷуст ибтидои Миллат.

Дар ҷону дил гирифтӣ аз сидқ дарди Миллат,
Гаштӣ табиби Миллат, кардӣ давои Миллат.

Аз бераҳӣ кашидӣ то огаҳӣ Ватанро,
Аз огаҳии Миллат ҷустӣ бақои Миллат.

Киштинишаста Миллат омад ба соҳил охир,
То аз Худо расидӣ, эй нохудои Миллат.

Ҳар бенавои қисмат аз ту навои дил ёфт,
Оҳанги бахт бинмуд, шуд ҳамнавои Миллат.

Бо чеҳраи кушода, бо ҳиммати зиёда
Бурдӣ ба рӯи дунё нуру сафои Миллат.

Бинмудаӣ ба олам симои дилкашашро,
То минбари ҷаҳонӣ бурдӣ садои Миллат.

Байни ҳазор миллат дар дидаҳо ҳувайдост
Бо қомати расоят арзанда ҷои Миллат.

Аз софиат сиёсат бинмуда тарки ҳилат,
Бо сидқ менамояд хидмат барои Миллат.

З-ин рӯ, қарини мардум ҳастӣ чунон, ки акнун
Чун мардумак азизӣ дар дидаҳои Миллат.

Хуш ҳоли он ки ин сон бинҳода аз сари сидқ
Дилро ба роҳи Миллат, сарро ба пои Миллат.

Эй тифли Миллат аз ту ҳамгоми зиндагонӣ,
Хушноми зиндагонӣ пурдил ниёи Миллат.

Эй ҷонудилмунаввар, эй сӯи нур раҳбар,
Аз ту зиё гирифта аҳли зиёи Миллат.

Эй раҳнамой ахтар андар самои даврон,
Эй дилфидои Миллат, эй ҷонфидои Миллат.

Шуд пеши роҳи Миллат во аз ту сӯи давлат,
Пеши раҳи ту во бод, эй Пешвои Миллат!

(Шеъре, ки аз дил омад, аз банда не, аё дӯст,
Бар пурбаҳои Миллат бошад баҳои Миллат!)
 

Дар ситоиши Пешвои миллат

Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнаби аммо,
Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ ту меарзӣ.

Чи дар дохил чи дар хориҷ сиёсатмарди доноӣ,
Кунӣ ҳар мушкилеро ҳал ба осонӣ ту меарзӣ.

Туро бо меҳр истиқбол гирад садри ҳар кишвар,
Яке покизатиннат байни ёронӣ, ту меарзӣ,

Барои тоҷикони рӯи олам такягаҳ гаштӣ,
Аз ин гӯем шоҳаншоҳи шоҳонӣ ту меарзӣ.

Ба вақти мушкилӣ кардӣ ту ташкил Артиши миллӣ,
Ба кишвар худ кафили сулҳхоҳонӣ, ту меарзӣ.

Ба ҷон ҳастӣ ба ҳифзи марзу буми хоки аҷдодӣ
Расидан пойи бадхоҳе намемонӣ, ту меарзӣ

Низомӣ медиҳад ҷонаш барои сулҳу осоиш,
Ба худ инро шуморад қарзи виҷдонӣ, ту меарзӣ

Қасам хӯрдӣ ба шири модарат: «Ман сулҳ меорам!»,
Харидӣ ҷони ҳар як тоҷикистонӣ, ту меарзӣ.

Гурусна мондани халқат ҳама буда зи наҳси ҷанг,
Кунун шуд сер мардум, ғалла арзонӣ, ту меарзӣ.

Сипосу арзу дарди дил бигӯяд халқ пеши ту,
Бар ҳар дарде, ки дорад халқ, дармонӣ, ту меарзӣ.

Ба ҳар ҷое сафар кардӣ, фазои тира шуд равшан,
Худододӣ, чу хуршеди дурахшонӣ, ту меарзӣ.

Асоси Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро ту бинҳодӣ,
Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.

Зи ҷаҳдат ҷашни Наврӯзӣ Аҷам рӯи ҷаҳон бигрифт,
Русуми рафтаро эҳё бигардонӣ, ту меарзӣ.

Баробар рӯзу шаб гардад зи пайки нусрати Наврӯз,
Шурӯи кишт созӣ, дона афшонӣ, ту меарзӣ.

Бишуд осори некат аз ниёгон шоҳиди зинда,
Кафили ҳастии ояндадавронӣ, ту меарзӣ.

Шуҷоатманд фарзандони миллатро набуд шуҳрат,
Зи сидқ эҳёгари ин қаҳрамононӣ, ту меарзӣ…

Дубора ошно карда ба мардум шеъри Мавлоно,
Чу Мавлоно сухансанҷу сухандонӣ, ту меарзӣ.

Дар ин хоке, ки сармову зимистон ҳокимият дошт,
Баҳори гулфишон овардаӣ моро ту меарзӣ.
 

ПЕШВО​

Ватан аз номи ту оғоз гирад.
Ту танҳо Тоҷикистон офаридӣ,
Ба дастони Худову ҷонфидоит,
Ту хатти сарнавишташро кашидӣ

Бубин, таърихи садасра гувоҳ аст
Барои Тоҷикистон-Пешвоӣ!
Агар аз диди инсонӣ бигирем,
Барои кулли инсон Пешвоӣ!

Тамоми шаҳрвандонро ба ҳарфат,
Ғаюру огаҳу бедор кардӣ.
Раводиди туро бо об дидам,
Ватанро пур зи обанбор кардӣ.

Раҳораҳ, тоҷиконро раҳнамоӣ
Намоди хубиву озодагиӣ,
Супурдӣ сулҳу амният ба миллат,
Ба пои қавли худ истодагиӣ

Китоби фазлҳоятро бихондем,
Муродиф бар ҳама ноёбҳоӣ
Варақҳои нави “Шаҳнома” гуфтанд
Давоми Рустаму Суҳробҳоӣ.

Чароғи рӯшани ин сарзаминӣ
Ба ин миллат супурдӣ хатти милод,
Ба ин миллат туро аслан Худо дод,
Худододӣ, Худододӣ, Худодод!!.
 

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МУРШИДИ МУҲАББАТУ ОЗОДӢ

Бӯи модар медиҳад, ин сарзамин,
Манзараш монанди гулшан нозанин.

Тоҷикистон – ин Ватан-Модар бувад,
Бар ҳама азму ҷидолаш, офарин!

Пешвояш муршиди озодӣ аст,
Раҳнамову роҳсозу дилқарин.

Бо ташаббус минбари олам гирифт,
Пешвои мулки обӣ дар замин.

Ҳастии ӯ давъати халлоқӣ аст,
Даъвате сӯи рафоҳу асли дин.

То зиёратгоҳи Каъба, пештар,
Каъбаи дил кард зиёрат, офарин!

Ӯ ба имрӯзу ҳамеша сулҳ хост,
Қудрати Аллоҳиро бин, эй мубин!

Меҳани мо дар харити ҷону дил,
Ҷовидон шуд маркази сулҳи замин.

Аз Паёме то Паём меъроҷ кард,
Муршиди сулҳу амонии қарин.

Мавлуди Ӯ мавлуди миллат бувад,
Сабт гашт дар тақвими қалби ҷамин.

Пешво ҳамчун Ватан шуд ҷо ба ҷон,
Андар ин ҷон, ҷони маҳбуби нигин!

Марзи дилро рахна кард бо ҳастиаш,
Ҳастие чун муҷиби меҳрофарин.

Дар радифаш ҳаммуродиф нест, нест
Пешвои ҷовидони сарзамин.

Ҷои “Тоҷикон” шуда токдони чашм,
Раҳнамои мулкшеъри нозанин.

Эй навовар, ишқилқо – Пешво,
Шодкомем аз ҳуруфи ангубин.

Пешгоҳи ҷону дил ҷои ту бод,
Эй мукаррамраҳбари ҳам ону ин.

Хонаи тан нурборон шуд зи ту,
Нури Раҳмон нури яздонӣ, яқин.

Фаслҳоро кардӣ васл бо асли асл,
Эй намои олии олитарин!

Мактаби мардонагиат таърих аст,
Таърихи сабзи муҷаллову матин.

Рӯзи навро кардӣ “Наврӯз”-и башар,
Мешавад аз ин зиёд, ҳиммат ҳамин.

Қалби Осиё шуда, қалби Ватан
Эй Душанбе, мазраи зеботарин.

Дар тану ҷон ҷорӣ аст хуни Ватан,
Аз Бадахшон то Зарафшони зарин

Дар саросар давлати рӯи ҷаҳон,
Шуд Саразми мо сари азми ҷамин.

Миллати мо шуд диёри гулбасар
Чун далеле боғи Ирамро бубин.

Аз Хуҷанд то Нораку Дарвозу Панҷ
Мешукуфад наргису ҳам ёсамин.

Ҳар нафас озод мегӯям сухан,
Шукри Пешвои муҳаббатофарин.

Пешво бо Тоҷикистон зинда бод!
Мо дуогӯем, ки озоре набин.
 
ШАҲСАВОР
(сипоси асп)

Фалакро чӣ гӯям,ки дар ин саро,
Чу Ӯ шаҳсаворе набошад маро.

Ба ҳамто намоям ҳамин роз фош,
Агар асп бошӣ, ба Ӯ асп бош.

Маро бошад аз лутфи ӯ ифтихор,
Хазон аз нигоҳаш шавад навбаҳор.

Бимонад агар пойро дар рикоб,
Шаҳомад биёбам аз Ӯ беҳисоб.

Итоат ба ҳукмаш кунам бе зимом,
Бувад як ишора бароям лаҷом.

Ба қамчин надорам ниёзеву оз,
Кунам аз ҳавас тай нишебу фароз.

Ба афзору зинам хати сарнавишт,
Ки он сафҳаест аз китоби сиришт,

Ба болои зинам нишинад агар,
Шавад нури рӯяш маро зебу фар.

Аз оҳанги табъаш бигирам рамуз,
Зи шаб моҳ ёбам, зи хуршед рӯз.

Шабу рӯз бошад маро,эй Худо,
Ҳамин орзӯям ба ҳукми дуо:

Макун кам зи лутфат даме сояааш,
Биафзой меҳри гаронмояааш.

Чу Ӯ тахтзебе набошад дигар,
Набошад ба дарде чу Ӯ чорагар.

Басо аҳли олам сано гуфтаанд,
Аз Ӯ ин ватанро пазируфтаанд.

Ватандорӣ аз Ӯ биёмӯхтан,
Бувад дар баҳои ҳама илму фан.

Зи як қиссаи Ӯ бихонӣ агар,
Расад домани шаб ба дасти саҳар.

Чӣ дидаст бар сар чу як достон?
Ки ҳар тори мӯяш бувад қаҳрамон.

Ватанро зи офат раҳо кард ӯ,
Ҳамон оби рафта биомад ба ҷӯ.

Зи лутфаш ятимон шуда баҳравар,
Бихонданд Ӯро ба мисли падар.

Ба пирони дилҳо пур аз сӯзу оҳ,
Бигардид меҳраш чу як такягоҳ.

Ба ашки бари рӯ аз уммед гуфт,
Ба ҳар сояшине зи хуршед гуфт.

Натобид рӯяш зи ҳар зиштрӯ,
Чу оина кардӣ ба Ӯ гуфтугӯ.

Зи ҷаҳдаш, биёбон, ки шодоб шуд,
Дили санг бишнид, аз ин об шуд.

Бифаҳмид золим аз ин фол раҳм,
Канор омад охир зи паҳнои ваҳм.

Ҳама гӯш гашту садояш шунид,
Ҳама чашм ҷуз Ӯ касеро надид.

Аз оне, ки шуд Ӯ сазовори тахт,
Ба тоҷик хандид хуршеди бахт.

Намакдони миллат кафи дасти Ӯст,
Ба кас қадрдонӣ аз ин обрӯст.

Ватан буд вайрон, зи нав сохт Ӯ ,
Ҷавонии худро дар ин бохт Ӯ.

Ба сарсахтҳое бишуд сарбасар,
Биёвард ранҷаш дар ин раҳ самар.

На ҳар кас чу Ӯ шуд маро шаҳсавор,
Аз ин бахт дорам ба ҷон ифтихор.

Раҳи шуҳрат аз қудраташ ёфтам,
Зафармандӣ аз нусраташ ёфтам.

Тавон дар вуҷудам аз ин ҷон гирифт, Танумандиамро нашояд шигифт.

Ки аз шаҳсаворон нишон дорад Ӯ,
Рисолат зи аслаш шавад бозгӯ.

Дили шаҳсаворон чу оина аст,
Ки саршори меҳреву бекина аст.

Ҳузураш бигардад агар бори зин,
Шавад шеди олаи аз ин шармгин.

Фаромӯш созад тулуъу ғуруб,
Наёбад раҳашро чу ҳаррӯза хуб.

Фари манзалатро ба болои зин,
Надидаст ҳаргиз касе инчунин.

Гаҳе шаҳсаворам кушояд ҷабин,
Чу Рустам нишинад ба болои зин,

Зи тафсири талъат ба зебандагӣ,
Бубинад ба гардун парокандагӣ.

Буд он пири Тӯсӣ агар ин замон,
Суханро ба васфаш ҳамедод ҷон.

Қаламдод мекард аз ин сарнавишт,
Зи нав тухми маънӣ ҳамекард кишт.

Ба бунёди қасре зи хишти сухан,
Кунад банду шайдо дили анҷуман.

Басо хуш ба ҳолам, ки обрӯ ,
Чу куҳест дигар ба ҳар тори мӯ.

Сарафрозам аз ту, аё кирдгор,
Бикардӣ насибам чунин ШАҲСАВОР!

(Давлат САФАР)
 
🇹🇯МИЛЛАТИ БУЗУРГИ МАН🇹🇯
То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дуст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам!!

Эмомали Раҳмон
 
Сарваре ки бовару муҳаббати халқро соҳиб шудааст, азизи Худост, зеро маҳбуби халқ шудан осон нест инояти илоҳӣ аст.
 
ШАРАФ БА ГЕНЕРАЛҲОИ ВАТАН!

Бар ҳама ин посдорони суботи Тоҷикистонам, шараф!
Бар ҳама ин ҷонфидоёни наҷоти Тоҷикистонам, шараф!
Бар ҳама ин паҳлавонони баори Тоҷикистонам, дуруд!
Бар ҳама ин пуштибонони ҳаёти Тоҷикистонам, шараф!

ШАРАФ!
ШАРАФ!
ШАРАФ!

Малохат Толибова
 
Кош Фирдавсӣ ба чашми хеш медид ин замон,
Рустаме маҳбуби халқи Тоҷикистон гаштааст.

Даврон Давлат
 
Рустаме,ки пойтахт обод кард,
Рӯҳу дили пиру барно шод кард.
Рустами Эмомалӣ ояндадор,
Тозагӯву тозаҷӯву тозакор.
 
“Шоҳу замин”

Шоҳ гуфт: “Ман сулҳу ваҳдат овардам”,
Мардум гуфт: “Бале, вале гурусна мондам”.
Заминро фурӯхтӣ ба дӯстони дур,
Магар намешунавӣ нолаи кӯҳсору сур?

Ба Хитоӣ додӣ обу замини пок,
Ҳоло деҳқон монад бе обу хок.
Ворух гирён — хуни ҷавон рехт,
Шоҳ хомӯш монд, гӯё намешнид.

Магар ин сулҳ аст, ки нарх дорад?
Ҳатто забони модар маҳдуд дорад.
Пешво гуфт: “Ман барои халқамам”,
Аммо ҳама чиз шуд фақат бар номи хешам.

Қасрҳо баланд, вале халқ зери замин,
Нон надорад, вале “сипос ба пешво”, бибин!
Мегӯяд: “Ман падари миллатам”,
Падар куҷо дидӣ, ки фурӯшад ватант?

Имрӯз 16-уми ноябр аст,
Мо “шодӣ” кунем, вале дил ғамгинтар аст.
Пешво, бигӯ, кай мешавӣ рост?
Ҳаққи Ватанро баргардон, эй “подшоҳ”-и маст.
 
“Тахт ва халқ”

Дар тахт нишаста, бо тоҷу зевар,
Мегӯяд: “Ман халқамро кардам самар”.
Аммо ҳамон халқ дар ғам монд,
Замин фурӯхта, об хомӯш монд.

Ҳама кор шуд моли як хонадон,
Қудрат ба мерос — мисли коғаз дар ҷон.
Як ба тахт, дигар ба идора,
Сеюм ба пули халқ — баргаш мисли пора.

Дар Ворух боз садои гиря аст,
Аммо “сулҳ” мегӯянд — ин ҷанҷа аст!
Куҷо шуд ваъдаи нон ва об?
Дар дасти мардум намонд ҷавоб.

Халқ мегӯяд: “Ин Рӯзи Президент аст”,
Аммо дар дилаш андӯҳи зиндона аст.
О, раҳбарон! Ватан молатон нест,
То кай “миллат” зери поятоннест?

Бигзор биёяд рӯзе нав,
Ки халқ бинад адлу савоб.
На тахт, на тоҷ, на зевар монад,
Фақат номи поки ватан монад!
 
"Сулҳи қафасӣ"

Мегӯянд: сулҳ аст, вале занҷирҳо садо доранд,
Ҷавонон дар зиндон, вале телевизионҳо хандонанд.
Мегӯянд: ваҳдат — вале дилҳо ҷудо,
Ҳақиқатро гуфтӣ? Пас зиндон туро.

Дар “қаср” хандаи хуш, дар кӯча нола,
Модари маҳбус хоб мебинад бо дуъо.
Ҷавон гуфт: “Ватанро дӯст медорам”,
Онро бурданд, ки чаро ин сухан гуфт.

Дар ҳар ид, сухани шукр аз “пешво”,
Аммо халқ гурусна, нон шуд орзӯ.
Баъзеҳо тахт мерос мегиранд, мисли ҷома,
Халқ бошад, мерос мегирад маҳрумӣ.

Касе бо номи “одил” менависад фармон,
Вале аз додгарӣ намемонад нишон.
Яке худро “духтари миллат” гӯяд,
Дигаре “пешвои оянда” — бо қудрат рӯяд.

Дар дунё механданд ба ин саҳнаи ғам,
Ки сулҳ фурӯхта шуд ба ду тамғаи нам.
Ҷавонон мегӯянд: “Мо сулҳ мехоҳем,
Аммо бе тарсу бе занҷир мехоҳем!”

Дар ҳар хона як модар бо ашки нам,
Сураи “Ёсин” мехонад бар номи писар.
Он писар на террорист, на ҷинояткор,
Фақат гуфт: “Озодӣ” — ва шуд бегирдгор.

Ватан гиря дорад, на барои душман,
Барои фарзандони худ, ки бе ватананд.
Пешво, агар шунави, бишнав аз дил,
Сулҳи ту бе адолат — хомӯшии қабр аст.
 
"Хонаводаи давлат"

Дар як хона султон, подшо, раҳбар,
Дар дигар хона ҳамон вазир, ҳам коргар.
Як духтар дар боло — “маслиҳатчӣ”,
Дигараш дар берун — “шоир ва гӯяндачӣ”.

Яке ба парлумон роҳ ёфтааст,
Бо лабханди аз падар ёфтааст.
Яке “дар телевизион” сухан мепартояд,
Магӯ, ки халқ — гӯш намегирояд.

Як писар “шахси муҳими пойтахт”,
Ҳама роҳҳо ба ӯ, чун тахт.
Бародараш “масъули сохтмон”,
Аммо деҳа бидуни роҳу хона мон.

Яке “хонаводаи сулҳ” мегӯяд,
Аммо мардум дар ғам месӯзад.
Як ҳамсар “модаронро раҳнамо”,
Аммо нархи нон баландтар аз дуо.

Ба ҳар ид садо: “Пешво беамсол!”,
Аммо миллат дар сафи бекорҳо ҷол.
Ҷавон мегӯяд: “Оянда манам!”
Аммо кор нест, ватан биманам.

Дар қаср — чароғу зар,
Дар деҳ — на об, на барқ, на шар.
Ҳама мегӯянд: “Шукр, ки сулҳ дорем”,
Аммо ба ҳақ, на озодӣ ёрем.

Шояд рӯзе биёяд адолат,
Ки тахт гардад ҷойи масъулият.
Он рӯз миллат нахандад, напаррад,
Фақат бигӯяд: “Ниҳоят бедор шуд Миллат!”
 
РӮЗИ ЭМОМАЛИИ РАҲМОН АСТ!
(Ба истиқболи Рӯзи Президенти ҶТ)

Маснадаш минбари бузургон аст,
Ҳар куҷо по ниҳад гулафшон аст.

Сулҳ - оғози дарси мактаби ӯст,
Мақсадаш -маърифат ба инсон аст.

Хираду фазл ҳаст дар амалаш,
Халқ, дар Сарзамин ба сомон аст.

Роҳҳо бардарида синаи кӯҳ,
Роғун аз файзи ӯ чароғон аст.

Тоҷикистон шукуфтаву сарсабз,
Фахри Миллат ба назди меҳмон аст

Баҳри ман ҳамватан, зи баъд, имрӯз,
Рӯзи Эмомалии Раҳмон аст!
 
ОНА - ЛЕДИ , ЗАБОТЛИВАЯ МАТЬ, ДОБРАЯ , ПРОСТАЯ С СЕРДЦЕМ ЗОЛОТЫМ
посвящается Первой леди Таджикистана и нашей духовной любимой МАМЕ .
Она - леди, с сердцем золотым,
В ней доброта, как нежный свет.
Она - как весна, вечно молода,
В ней вся красота земных планет.
Она - лицо страны, её душа,
Что дарит свет и вдохновение,
Она - опора, красота,
И символ веры, и стремление.
Она - заботливая мать,
И женщина, что много знает,
Она умеет поддержать,
И мудростью своей пленяет.
Она - леди, первая во всём,
И в доброте, и в красоте.
В её глазах сияет свет,
В душе покой и благодать.
Она - леди, добрая, простая,
В ней красота и свет души.
Она как солнце, согревает,
И в ее глазах - любовь
Она, как солнце, согревает,
Своей улыбкой дарит мир.
В её словах мудрость живет,
И доброта, как светлый лик.
Она - леди, нежная душа,
С чистым сердцем, полным сил.
С глубокими уважением к Вам,
Шарифхон Тиллоев - журналист, ветеран госслужбы
 
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,
РӮЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН,
РӮЗИ ЗАБОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН,
РӮЗИ ОВОЗИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН,
РӮЗИ ТАМОМИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН,
ХАНДАИ ТАМОМИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН МУБОРАК БОШАД!!!
 
ХОИНИ МИЛЛАТ БИМИРАД

Пеши пойи Пешвоям хоини миллат бимирад,
Бишнавад ҳар дам садоям хоини миллат бимирад.

Танг гардад қалби ман аз ҳар садои наҳси эшон,
Соҳиби амни расоям , хоини миллат бимирад.

Чашми кӯри ҳосидон ободии моро набинад,
Ман намегардам зи роям, хоини миллат бимирад.

Зиннатам бошад китобу давлатам амну амонист,
Давлати бемунтаҳоям, хоини миллат бимирад!

Худфурӯширо надодаст ёд бар ман ҷадди аълоям,
На фусунгар, на гадоям, хоини миллат бимирад.

То бувад андар танам ҷон ҳифзи Меҳан менамоям,
Ҳар саҳар андар дуоям: «Хоини миллат бимирад!»
 
Назад
Верх Низ