Гӯянд касон: «Биҳишт бо ҳур хуш аст»,
Ман мегӯям, ки «Оби ангур хуш аст!»
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст!
 
Гӯянд касон: «Биҳишт бо ҳур хуш аст»,
Ман мегӯям, ки «Оби ангур хуш аст!»
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст!
 
Ҳар рӯз бар онам, ки кунам шаб тавба,
Аз ҷому пиёлаи лаболаб тавба.
Акнун, ки расид вақти гул, тавба куҷо?
Дар мавсими гул зи тавба, ё раб, тавба.
 
Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,
Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл,
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст!
 
Бар кӯзагаре парер кардам гузаре.
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар падид ҳар бебасаре,
Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.
 
Ёрон, чу ба иттифоқ меод кунед,
Худро ба ҷамоли якдагар шод кунед,
Соқӣ чу майи маона бар каф гирад,
Бечора маро ҳам ба дуо ёд кунед.
 
Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,
Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.
Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш:
«Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?!»
 
Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз,
Аз рӯи ҳақиқат, на ки аз рӯи маҷоз;
Бозича ҳамекунем бар наъти вуҷуд,
Афтем ба сандуқи адам як – як боз.
 
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак бар сари коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
 
То ҳушёрам, тараб зи ман пинҳон аст,
Чун маст шудам, дар хирадам нуқсон аст.
Ҳолест миёни мастиву ҳушёрӣ,
Ман бандаи он, ки зиндагонӣ он аст!
 
Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем,
Май нӯш кунему ном бар нанг занем.
Саҷҷода ба як пиёла май бифрӯшем,
В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.
#рубоӣ
 
Шоҳӣ талабӣ, бирав гадои ҳама бош
Бегона зи хешу ошнои ҳама бош

Хоҳӣ ки туро чу тоҷ бар сар доранд
Дасти ҳама гиру хоки пойи ҳама бош
 
Аз омаданам набуд гардунро суд
В-аз рафтани ман ҷоҳу ҷалолаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гушам нашунид,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣ буд.
🍀Хайём🍁
 
Ай нӯш карда нешро, бехеш кун бохешро,
Бохеш кун бехешро, чизе бидиҳ дарвешро!
Ташриф диҳ ушшоқро, пурнур кун офоқро,
Бар заҳр зан тарёқро, чизе бидиҳ дарвешро!
Бар рӯйи ҳамчун моҳи худ, бо лутфи миcкинхоҳи худ,
Моро ту кун ҳамроҳи худ, чизе бидиҳ дарвешро!
Чун ҷилваи маҳ мекунӣ в-аз ишқ огаҳ мекунӣ,
Бо мо чӣ ҳамраҳ мекунӣ? Чизе бидиҳ дарвешро!
Дарвешро чибвад нишон? Ҷону забони дурфишон,
На далқи садпоракашон! Чизе бидиҳ дарвешро!
Ҳам одаму он дам туйӣ, ҳам Исиву Марям туйӣ,
Ҳам розу ҳам маҳрам туйӣ, чизе бидиҳ дарвешро!
Талх аз ту ширин мешавад, куфр аз ту чун дин мешавад,
Хор аз ту насрин мешавад, чизе бидиҳ дарвешро!
Ҷони ману ҷонони ман, куфри ману имони ман,
Султони султонони ман, чизе бидиҳ дарвешро!
Ай танпарасти булҳазан, дар тан мапечу ҷон макан,
Мангар ба тан, бингар ба ман, чизе бидиҳ дарвешро!
Имрӯз, ай шамъ, он кунам, бар нури ту ҷавлон кунам,
Бар ишқ ҷон афшон кунам, чизе бидиҳ дарвешро!
Имрӯз гӯям чун кунам – якбора дилро хун кунам,
В-ин корро яксун кунам, чизе бидиҳ дарвешро!
Ту айби моро кистӣ?! Ту мор ё моҳистӣ?
Худро, бигӯ, ту чистӣ?! Чизе бидиҳ дарвешро!
Ҷонро дарафкан дар адам, зеро нашояд, ай санам,
Ту муҳташам, ӯ муҳташам, чизе бидиҳ дарвешро!
Ҷалолиддини Балхӣ
 
Эй хусрави хубон, назаре сӯи гадо кун,
Раҳме ба мани сӯхтаи бе сару по кун!
Дорад дили дарвеш таманнои нигоҳе,
3-он чашми сияҳмаст ба як ғамза даво кун!
Гар моҳ занад лоф, ки монад ба ҷамолат,
Бинмой рухи хешу маҳ ангуштнамо кун.
Эй сарви чамон, аз чаману боғ замоне.
Бихром дар ин базму дусад ҷома қабо кун!
Шамъу гулу парвонаву булбул ҳама ҷамъанд,
Эй дӯст, биё раҳм ба танҳоии мо кун!
Бо дилшудагон ҷавру ҷафо то ба кай, охир?
Оҳанги вафо, тарки ҷафо баҳри худо кун.
Машнав сухани душмани бадгӯй, худоро,
Бо Ҳофизи мискини худ, эй дӯст, вафо кун!
 
Сад хона зи хубони дилам вайрон аст,
В-аз гиряи зор бими садчандон аст,
Аз ҳар мижа новадони хун аст равон,
Гар ман мижаро ба ҳам занам, туфон аст.
 
Умрест, ки маддоҳии май вирди ман аст.
Асбоби май аст, ҳар чи дар гирди ман аст,
Зоҳид, агар устоди ту ақл аст, ин чо.
Хуш бош, ки устоди ту шогирди ман аст.
 
Соқи, қадаҳе, ки кори олам нафасест,
Гар шоди аз у як нафас, он низ басест.
Хуш бош ба ҳар чи пешат ояд, ки чаҳон,
Харгиз нашавад чунон ки дилхоҳи касест.
 
Чаро чун шамъ сӯзй?Бебақо ӯст,
Ки андар оташаш маргаш ниҳон аст.
Ту аз Хуршед омӯз ин ҳунарро,
Ки месӯзад валекин ҷовидон аст!
 
Гирам падари ту буд, фозил
Аз фазли падар туро чӣ ҳосил?
 
Назад
Верх Низ