1. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ШИКАСТУ РАФТ Пирӣ расиду қомати моро шикасту рафт, Мурғи ҳаёт аз қафас якбора расту рафт. Аз тири чарх қалби мо сӯрох гаштааст, Лайлии бахт як нафас бо мо нишасту рафт. Нахли умед тирамоҳ сарсабз кай шавад? Бинҳод номаи қазо бар рӯи дасту рафт. Дасти қазо ба куштани мо азм кардааст, Дилро ба...
  2. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    БИРАФТӢ, ХОҲАРАМ Дар ёди Муҳаббат Бар суроғи хоҳару додар бирафтӣ, хоҳарам! Бо дили пурдарду чашми тар бирафтӣ, хоҳарам! Аз ғами додар вуҷудат буд ларзону хароб, Водареғо, аз пайи хоҳар бирафтӣ, хоҳарам! Чеҳраи ҳамчун заратро карда аз олам ниҳон, Бар замин чун кӯзаи гавҳар бирафтӣ...
  3. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    Чу дунё хонаи сад доругир аст, Дилам дар банди зулфи ту асир аст. Амирӣ нест моҳу ҷоҳу давлат, Касе, ҳаққо, туро дорад амир аст.
  4. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    МУҲАББАТ Дар ин олам сазои ман муҳаббат, Мукофоту ҷазои ман муҳаббат. Шабам равшан зи нури чеҳраи ӯст, Сабоҳи пурзиёи ман муҳаббат. Ба ҷисми нотавонам муттакоест, Ба дасти ман асои ман муҳаббат. Надорам ҳеҷ дороӣ ба гетӣ, Замину ҳам самои ман муҳаббат. Қарини ман бувад дар зиндагонӣ, Каломи...
  5. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    БИШКАНАД КОСАИ ҶАВОНИИ МО Ҳушдор ба ронандагон Кай шунидӣ зи бехазонии мо? Бишканад косаи ҷавонии мо. Суст рав то ба дуриҳо бирасӣ, Тезронист хасми ҷонии мо. Суръати пасту зиндагии дароз, — Ин бувад рои комронии мо. Дон, ки бар ҷони мо хатар дорад, Гӯширо бехи гӯшмонии мо. Худ мабар сӯи коми...
  6. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    СОМОНИ ТОҶИК Бадахшонию Зарафшони тоҷик, Дамидӣ рӯҳ бар Хатлони тоҷик. Ба номат миллати тоҷик биболад, Зиҳӣ, шери жаён, Сомони тоҷик! Ба ин бозӯю ин зӯри ҷавонӣ, Ба чашми мо ту чун шери жаёнӣ. Бароят то абад зебанда бошад, Нишони беқиёси паҳлавонӣ.
  7. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ДАР ЁДИ ХОТИР Хотир, ки фузун зи дуру ганҷи Аданӣ, Бо шеъри хушат чароғи ҳар анҷуманӣ. Фарзанди азизи миллати бедорӣ, Дар мулки сухан чу лолаи хандазанӣ. Хотир, ба суханварӣ дури яктоӣ, Бо шеъри тарат азизи ҳар маъвоӣ. Девони туро ба шавқи дил бикшоям, Бо лафзи хушат уқдаи дил бикшоӣ.
  8. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ЗАНОН Мухаммас бар ғазали Некулзамон Зеб бахшад бар ҷаҳон ишқи тарабноки занон, Мекашад дилро ба худ рӯи арақноки занон, Хоҳам аз ҷон, ки набинам чашми намноки занон, «Зиндагӣ мурдор буд, бе ҳастии поки занон, Ин ҷаҳон зулмот буд, бе ақлу идроки занон». Қалби инсон то абад дилдодаи нусрат шавад...
  9. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    АЗИЗУЛЛОҲ Ин марсия ду сол пеш аз забони падари Азизулоҳхон табиби ҳозиқу номӣ, олими тавоно Зуҳурулло Зоидбоев рӯи коғаз омадааст Дар сафар будию рафтӣ аз ҷаҳон, Доғ дар дилҳо ниҳодӣ ногаҳон, Доштӣ дар сина садҳо ормон, Рафтӣ аз дунё чаро пури ҷавон? Эй Азизуллоҳ, намепурсӣ дигар, Вақти субҳу...
  10. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    МАШҚИ ҒАЗАЛ МАКТАБ Масти шавқам зи бодаи мактаб Бӯсам аз рӯйи содаи мактаб. Рӯҳи ман тоза мешавад, эй дӯст, Гар ниҳам по ба ҷодаи мактаб. Боз гардад ба рӯи хурду калон, Сад дари нокушодаи мактаб. Модар ар ҷисмро кунад тахмир, Тифли ақл аст зодаи мактаб. Дар сарири муҳаббату эъҷоз...
  11. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    БОРОНИ БАҲОРӢ Табибон ҳамчу борони баҳоранд, Ки нахли умрро сарсабз доранд. Чароғи дидаро равшан намоянд, Дари эҳсоси хушбахтӣ кушоянд. Зи дарё гавҳари якдона оранд, Зари ҷонро ба рӯи каф гузоранд. Чу Сино кордону комгоранд, Ба чашми халқ соҳибэътиборанд. Ба қавли хеш доим устуворанд, Саропо соф...
  12. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    УСТОД Дар ёди омӯзгори шодравон Нормуҳаммад Субҳонов Карда тақлид ба дарсҳои ту, Пайрави ту зи ибтидо будам. Сангҳоро намуда курсиву миз, Роҳи умри дароз паймудам. Дарси ту буд раҳхатам умре, Меҳр бастам ба Саъдию Ҳофиз. Меҳри ту ҳаст то абад дар дил, Буд амри ту баҳри ман нофиз. Бурд манро ба...
  13. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    АЗ ДАФТАРИ РУБОӢ Эй аблаҳи дун, баски маҳалбоз шудӣ, Бо аҳли Ватан ҳамеша носоз шудӣ. Ҳар ҷо, ки ватангадост дар даҳри дудар, Шуд ҳамраҳату ту бо вай анбоз шудӣ. Донӣ ту фақат илми маҳалбозиро, Дорӣ ба сарат хаёли носозиро. Илло нарасӣ ба кӯчаи мақсудат, Ҳаргиз ту намебинӣ сарафрозиро. Ҷуз деҳаи...
  14. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ЁДАТ БА ХАЙР, САНГИНБОЙ! Бо ин ҷавонмарди чеҳракушоду хандонрӯй собиқаи дерини ошноӣ доштам ва ӯро чун бародари хеш дӯст медоштам. Ҳангоми ба сифати сарпайраҳадори КМ «Зарафшон» кор карданам, вақте ки басти кори ӯ мешуд, хурсанд мешудам, чунки Сангинбой Имомов дасту дили пок дошт...
  15. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    МЕҲРГОН ОМАД Эй хушо, ҷашни Меҳргон омад, Навбаҳорест дар хазон омад. Себу ангуру ноку шафтолу, Ҳосили боғу бӯстон омад. Хирмани деҳқон бигашт баланд, Гавҳаре дилкаше зи кон омад. Анҷири шаҳдбори тозаву тар, Аз бари шоха рӯйи хон омад. Соқӣ дар каф пиёлаи пурмай, То кунад ҷашн шодмон омад...
Назад
Верх Низ