Эй дил, садои марг туро ҳам расиданист,
Субҳи аҷал зи матлаъи умрат дамиданист.
Бар тахту наълу болиши абрешимӣ маноз,
Танҳо ба ҷои танг туро оромиданист.
Пайвастагӣ макун ба ҷаҳон, дил дар ӯ мабанд,
Зеро, ки з-ин ҷаҳонат ба куллӣ буриданист.
Аз гӯши хеш мешунавӣ к-он фалон намонд,
Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист.
Эй дил, макун гунаҳ, ки таҳқиқ мурданист,
Аъмоли нек кун, ки қиёмат расиданист.
Ғарра машав бад-ин гулу бӯстони рӯзгор,
Боди хазон бад-ин гулу бӯстон вазиданист.
Аз марги худ битарс, ки танҳо равӣ баъ гӯр,
Бо Мункару Накир¹ ҷавоби ту доданист.
Чун «куллу нафсин зоиқату-л-мавт»² ҳукм шуд,
Медон яқин, ки шарбати маргат чашиданист.
Чизе шикор кун, ки ба майдони рӯзгор,
Ин маркаби ҳаёт на доим давиданист.
Чун ҳазрати Расули Худо дар ҷаҳон намонд,
Касро чӣ эътимод, ба нобуд буданист.
Саъдӣ, дар ин қафас, ки тавон дошт мурғро,
Охир қафас шикаставу мурғаш париданист.
{Шайх Саъдӣ}
¹Малоикаҳои саволу ҷавоб дар қабр
²Ҳар нафсе чашандаи марг аст (Оли Имрон;185)